Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари озариҳои Уляновск аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


Раҳбари ҷамъияти озариҳои шаҳри Уляновски Русия рӯзи сешанбе дар сӯиқасде ба ҷонаш захмӣ шудааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, афроди номаълуми мусаллаҳ ба сӯи Ислом Гусейнови 43 сола-раҳбари Анҷумани сартосарии озариҳо дар Русия ва ҷондори вай оташ кушодаанд.

Дар ҷои ҳамла ҷондори вай кушта шудааст ва худаш ҷароҳат бардоштааст. Ҳоло вай дар бемористон зери назари пизишкон қарор дорад. Сабабҳои ин сӯиқасд ва афроди суиқасдкунанда маълум нашудааст
XS
SM
MD
LG