Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбозони арманӣ дигабора қаҳрамон шуданд


Дар Арманистон имрӯз тими милли шатранҷбозони ин кишварро мисли қаҳрамон пешвоз гирифтанд. Шатранҷбозони арманиро, ки аз Туркия аз Мусобиқаи Олимпии Шатранҷ бо нишони тилло баргаштанд, раиси ҷумҳур Серж Саркиссиён истиқбол гирифт, ки раҳбари Федератсияи Шоҳмоти Арманистон ҳам мебошад. Ӯ баъдан ба 5 шатранҷбози арманӣ, ки нишони тилло гирифтанд, ҷоиза супурд. Дар 40-умин мусобиқаи олимпии шатранҷ дар Туркия мақоми дуввумро Русия ва ҷойи саввумро Украина ба даст овард. Дар Арманистон, ки бори саввум аст, дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпии шоҳмот пирӯз мешавад, ин бозӣ дар мактабҳо як фанни алоҳида аст.
XS
SM
MD
LG