Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, мегӯяд, Тариқ ал-Ҳошимӣ, муовини раиси ҷумҳури Ироқро, ки ба қатл маҳкум шудааст, ба Бағдод истирдод нахоҳанд кард. Ӯ гуфтааст, “то замоне, ки Тариқ Ҳошимӣ мехоҳад, Туркия ӯро мизбонӣ хоҳад кард ва Ироқ ҳам нахоҳад дод.“ Додгоҳи Ироқ рӯзи якшанбе, Тариқ Ҳошимиро ба таъсиси як гурӯҳи қотилон барои маҳви рақибонаш гунаҳкор донист ва амр дод, ки ӯро ба дор овезанд. Мақомоти Ироқ хостори истирдоди Тариқ Ҳошимӣ шудаанд. Аммо худаш мегӯяд, парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи Тариқ Ҳошимии суннимазҳаб, ки аввали ҳамин сол ба Туркия гурехт, ҳокимони шиъамазҳаби Ироқ мехоҳанд аз ӯ ниқор бигиранд.