Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико хотираи қурбониёни 9/11 гиромӣ медоранд


Дар Амрико имрӯз хотираи тақрибан 3 ҳазор нафарро гиромӣ медоранд, ки дар ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 кушта шуданд. Дар шаҳри Ню Йорк дар маҳалле, ки Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат меистод, номи қурбониёни ҳамларо мехонанд. Дар тӯли 11 соли гузашта ҳамчунин 1000 нафари дигар бар асари бемориҳо аз олудагиҳои гарди сохтмонҳои фӯрурафта фалок шудаанд. Маросими гиромидошти хотираи қурбониён ҳамчунин дар вазорати дифоъи Амрико ва Пенсилвания, ки ду ҳавопаймои рабудаи Ал-Қоида суқут кард, баргузор мешаванд. Барак Обама дар маросими гиромидошт дар Пентагон ва муовини ӯ Ҷо Байден дар Пенсилвания ширкат мекунанд. Ёздаҳ сол пеш аъзои Ал-Қоида чаҳор ҳавопаймои мусофирбарро гаравгон гирифта ва дутои онро ба осмонхарошҳои Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат ва яке дигарро ба вазорати дифоъ равона карданд. Як ҳавопаймо баъди муқовимати мусофирон ба террористон суқут кард.
XS
SM
MD
LG