Рӯзи душанбе дар назди сафорати Беларус дар Бишкек даҳҳо нафар гирдиҳамоии эътирозӣ доир намуда, истирдоди Ҷаниш Боқиев-бародари собиқ президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро талаб карданд. Эътирозгарон дархостҳояшонро ба сафири Беларус Виктор Денисенко тақдим намуданд.
Охири моҳи август додситонии кулли Беларус тақозои истирдоди Ҷаниш Боқиевро рад карда буд, зеро ба қавли додситонӣ ин тақозо “ҳадафҳои сиёсӣ” доштааст. Ҷаниш Боқиев дар иртибот бо куштори тахминан 100 нафар дар ҷараёни ошӯби моҳи апрели соли 2010-ум дар ғиёб мавриди муҳокимаи мақомоти Қирғизистон қарор гирифтааст.
Ошӯби апрели соли 2010-ум Қурмонбек Боқиевро аз курсии раёсатҷумҳурӣ маҳрум кардааст.