Як мақоми расмии ҳукумати Покистон мегӯяд, нируҳои амниятии ин кишвар афроди Толибонро, ки баъд аз ду ҳафтаи даргириҳо дар минтақаи қабиланишини Баҷур тавссути марз аз Афғонистон баргаштаанд, ба ақиб баргардонидааст.
Ҷаҳонгир Аъзам Вазир-намоянлдаи ҳукумати Покистон гуфтааст, дар даргириҳои Баҷур бештар аз 100 нафар кушта шудаанд. Дар миёни онҳо 80 нафар шӯришиён ва 18 нафар ғайринизомиён ва сарбозон будаанд.
Бино ба хабарҳо, 13 нафар сарбоз бедарак шудаанд ва бими он меравад, ки мумкин аст онҳо дар дасти Толибон бошанд.
Ҷаҳонгир Аъзам Вазир мегӯяд, садҳо нафар сокинон, ки дар ҷараёни даргириҳо дар деҳоти марзӣ банд монда буданд, саранҷом имкон пайдо кардаанд, ки аз минтақа хориҷ шаванд.
Аҳсанулло Аҳсан-сухангӯи Толибон таъйид кард, ки онҳо ақибнишинӣ кардаанд, вале ба нақша гирифтаанд, ки гурӯҳҳои худро дубора ташкил кунанд ва ба ҳамла омода шаванд.