Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юнон мунтазири қарзи навбатӣ, вале...


Се ниҳоди молӣ, ки ба Юнони гирифтори бӯҳрон кӯмак мекунанд, аз ҳукумати ин кишвар хостанд, ҳарчӣ зудтар барномаи коҳиши хароҷоти давлатиро ҷамъбаст намояд. Намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул, Иттиҳодияи Аврупо ва Бонки Марказии Аврупо ба Юнон рафтаанд, то бубинанд, ки оё шартҳои онҳо барои ихтисоси қарзи навбатии 31,5 миллиард евроӣ иҷро шудааст, ё на. Аммо Яннис Стоурнарас, вазири молияи Юнон пешниҳод кардааст, ки ба онҳо барои иҷрои ин шартҳо вақти бештар бидиҳанд. Юнон мегӯяд, коҳиши зиёди хароҷот дар ин давра вазъи иқтисоди Юнонро бадтар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG