Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи амиқи назари ду қудрат дар мавриди Сурия


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико эътироф кард, ки дар масъалаи шеваи ҳалли муноқиша дар Сурия, Иёлоти Муттаҳида ва Русия ихтилофоти амиқи назар доранд. Ҳилларӣ Клинтон дар ин бора баъд аз мулоқоташ бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Владивосток сухан гуфт. Хонум Клинтон ин мулоқотро бисёр созанда хонд, вале гуфт ӯ, аз Русия ҳамчунон хоҳад хост, то фишор ба ҳукумати Сурияро афзоиш диҳад. Вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар сурати ҳамроҳ нашудани Русия ба талошҳои байналмилалӣ барои фишор ба Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, Амрико ва муттаҳидонаш кӯмак ба шӯришиён дар Сурияро бештар хоҳанд кард. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи шанбе гуфт, кишвараш “усулан мухолифи” эъмоли таҳримоти бештар алайҳи Сурия ва Эрон аст.
XS
SM
MD
LG