Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи ҳамлаҳо дар Ироқ 19 кушта бар ҷой гузошт


Дар силсилаи ҳамлаву бомбгузориҳо дар Бағдод имрӯз дасти кам 19 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Аз ҷумла бар асари таркиши бомбе дар наздикии консулгарии Фаронса дар шаҳри Носирия як нафар ҷон дод ва як тани дигар маҷрӯҳ шуд. Аз ин пештар дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ва як маргталаб ба пойгоҳи низомии Дуҷайл дар наздикии Бағдод, 11 сарбоз ба ҳалокат расиданд. Дар шаҳри Киркук ҳафт маъмури пулисро куштаанд.
XS
SM
MD
LG