Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, бо эъмоли таҳримоти изофӣ фишор ба Эронро бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомиаш идома хоҳад дод. Зимни суханронӣ дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Қибрис, Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии иттиҳодия, аз Эрон хост, собит кунад, ки ҳадафи барномаҳои ҳастаиаш сохтани бомби атомӣ нест. Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, гуфт, дар сурати дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, рақобати нави мусаллаҳшавӣ бо бомби атомӣ дар ҷаҳон шурӯъ хоҳад шуд. Ҷулио Терзи ди Сантага, вазири умури хориҷии Итолиё, гуфтааст, ки “Иттиҳодияи Аврупо аз таҳдиди эҳтимолии Эрони мусаллаҳ бо бомби атомӣ ба амнияти шаҳрвандонаш нигарон аст”. Вазирони Иттиҳодияи Аврупо дар масъалаи эъмоли таҳримоти изофӣ алайҳи ҳукумати Сурия ба тавофуқ расидаанд.