Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада равобиташ бо Эронро қатъ кард


Ҳукумати Эрон қарори Канада барои қатъи равобити дипломатӣ бо Теҳронро танқид кард. Канада рӯзи ҷумъа гуфт, ба нишони эътироз аз кӯмакҳои низомии Эрон ба режими Сурия ва сарпечии Эрон аз иҷрои қатъномаҳои Шӯрои Амният алайҳи барномаҳои ҳастаии он кишвар ва ҳам таҳдиди пайвастаи раҳбарони Эрон барои маҳви Исроил сафораташ дар Теҳронро мебандад. Канада ҳамчунин аз дипломатҳои эронӣ хостааст, то 5 рӯзи дигар қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, ки “ҳукумати Канада зери таъсири режими саҳюнистӣ” қарор дорад, ки ишорае ба Исроил аст. Ӯ афзуд, ки Эрон барои ин амлкардаш посухи муносибе хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG