Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии нерӯҳои афғон бо ҷангиён дар марз бо Тоҷикистон


Дар пайи даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо ҷангиён дар Бадахшони Афғонистон, 2 пулис ва 2 ҷангӣ кушта шудаанд.

Як манбаъ дар мақомоти амниятии Афғонистон гуфт, ҷангиён ҳадаф доштанд, ки вулусволии Юмгонро таҳти назорат гиранд, аммо дар пайи ҷанги 5 соата шикаст хӯрда, рӯ ба фирор овардаанд. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир вазъи дараи Вардуҷ ва вулусволиҳои Юмгону Ҷурм низ нигаронкунанда аст ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамла аз сӯи Толибон ва ҳамсангаронашон аз Ҳаракати исломии Узбакистон ва «Ал-қоида» сурат гирифтааст. Вай афзуд, шахсияти кушташудагон аз ҷумлаи ҷангиён муайян карда нашудааст ва эҳтимол меравад, яке афғон ва дигаре тоҷик ё узбак бошанд.

Чанде қабл расонаҳо ба нақли қавл аз мақомоти Бадахшони Афғонистон аз ҷамъ шудани беш аз 70 ҷангии марбут ба "Ал-Қоида" дар марз бо Тоҷикистон хабар дода буданд. Як мақоми пулиси маҳаллӣ ин гурӯҳро хатар ба Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ арзёбӣ карда буд.

Дар пайи кушта шудани 5 марзбон дар вилояти Бадахшон, Абдулаввал, сарпарасти фармондеҳии нирӯҳои амниятии вулусволии Арғунчхой гуфтааст, ки дар манотиқи Хеҷу Давлатшоҳӣ ва дар марзҳои Тоҷикистон беш аз 70 ҷангии хориҷӣ ҷобаҷо шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷангиён атбоъ (шаҳрвандон)-и Тоҷикистону Узбакистон, Қирғизистону Қазоқистон, 4 ҷангӣ аз Покистон ва чеченҳоро дар бар мегирад.

Бархе мақомоти маҳаллӣ бидуни бурдани ном ба хабарнигори Радиои Афғонистони Озод гуфтаанд, ки бархе аз ҷангиёни марбут ба Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон низ гӯё ба ин гурӯҳи ҷангҷӯ пайвастаанд. Фармондеҳи амниятии Арғунчхой Абдулаввал низ дар манотиқи марзии Афғонистон ҷобаҷо шудани бахше аз шӯришиҳои Тоҷикистонро таъйид кард ва гуфт, бештари онҳо дар манотиқи марзии наздик ба вулусволии Дарвоз паноҳ ёфтаанд.

Ба ақидаи ин фармондеҳ, агар нерӯҳои НАТО ва мақомоти Афғонистон дар ҳамроҳӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷангҷӯи сарбароварда дар ин марз иқдом накунанд, ин гурӯҳҳо дар оянда метавонанд барои ҳам мақомоти афғон ва ҳам барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа барои Тоҷикистон дардисарҳои зиёди амниятӣ эҷод кунанд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон таҷаммӯъи гурӯҳи мусаллаҳ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таъйид кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин хабарро шарҳ надоданд. Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ин вуҷуд назорати марзҳо ташдид хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG