Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гурӯҳи мусаллаҳ дар марзро таъйид кард


Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон таҷаммуи афроди мусаллаҳ дар марзи миёни Афғонистон ва Тоҷикистонро таъйид кардааст. Нурлан Токталиев-сухангӯи кумитаи мазкур ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, бино ба ахбори оперативӣ, дар минтақаи Бадахшони Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон таҷаммуи гурӯҳи мусаллаҳ мушоҳида шудааст.

Коршиносони қирғиз убури ин гурӯҳи мусаллаҳро бо фаро расидани фасли сармо ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон дар ояндаи наздик ғайриимкон медонанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи ин гурӯҳ тарсонидани доираҳои расмии кишварҳои Осиёи Марказист. Коршиносони қирғиз таҷаммуи ин гурӯҳро ба рӯйдодҳои охири шаҳри Хоруғ иртибот додаанд.

Ахиран Абдулаввал як мақоми маҳалии амниятии Бадахшони Афғонистон низ аз таҷаммуи тақрибан 70 нафар афроди мусаллаҳ дар ин минтақа хабар дода буд. Ба гуфтаи вай, дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва Қирғизистону Покистон ва чнченҳо ҳастанд.
XS
SM
MD
LG