Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Суруди миллии Тоҷикистонро аз ёд медонед?


Бисёре аз ҳамсӯҳбатони мо донистани матни Суруди миллӣ ё гимнро барои ҳар як сокини кишвар муҳим шумурданд.

Бо вуҷуди он ки аксарият донистани матни Суруди миллиро барои ҳар сокини Тоҷикистон муҳим медонанд, аммо зоҳиран кам касеро мешавад пайдо кард, ки онро аз аввал то охир аз ёд бидонад.

Вақте мо ҳам аз чанде сокини ҷавон ва миёнсоли пойтахти кишвар пурсидем, ки оё онҳо Суруди миллӣ (гимн)-ро ба пуррагӣ медонанд ё не, бархе гардани худро каҷ мекарданд ва ё бо "намедонам" иктифо меварзиданд.

Иддае ҳам дар ин маврид баҳонаҳои худро доштанд. Барои мисол:

-Нимашро медонаму нимашро намедонам;

-Аз ёд медонам, лекин қувваи ҳофизаам он қадар хуб нест;

-Медонам, мефаҳмам. Вале бо оҳанг хонда наметавонам...

Дар ин қатор онҳое низ буданд, ки бо як шавқ матни Суруди миллиро замзама кунанд. Махсусан, ҷавононе, ки зоҳиран донишҷӯ ба назар мерасиданд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран Федератсияи футболи Тоҷикистон як "қоидаи дохилӣ"-ро қабул кард, ки бар асоси он донистани Суруди миллӣ ё гимн барои футболбозон ҳатмист. Вале масъулони федертсия гуфтанд, ин танҳот як тавсия ё маслиҳат аст ва касе иҷро намекунад, муҷозот нахоҳад шуд.

Шумо ҳам оё матни Суруди миллиро аз ёд медонед? Оё зарур аст, ки ҳама Суруди миллиро аз бар донанд? Назару пешниҳодҳои худро бо мо дар миён гузоред.

Инак, навори пурсиши мо дар хиёбонҳои пойтахт:

Оё Суруди миллиро аз ёд медонед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG