Пайвандҳои дастрасӣ

Оё баландтарин парчам рамзи рушд ва осоиштагист?


Дар рӯзи таҷлил аз парчами миллии Тоҷикистон бархе аз соҳибназарон ба тағйири ном ва ранги он таъкид кардаанд.

Аз ҷумла, дар маҳфиле дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, донишманди тоҷик, парчами кунунии кишварро "моли бегонагон" хонда ва ба тағйири он даъват намудааст.

Эраҷи Амон, хабарнигор ва коршиноси мустақили тоҷик, ки таҷлили рӯзи парчами миллиро як амри нозарур мешуморад, низ аз ин пешниҳод истиқбол карда ва гуфт, ки бояд тоҷикон соҳиби дирафш бошанд, на парчам.

Иддае дигар таҷлил аз рӯзи парчаму барафрохта шудани баландтарин парчами дунё дар Тоҷикистонро як маъракаи сохтаву сунъӣ медонанд. Рустам, як донишомӯзи тоҷик, мегӯяд, "вақте амрикоиҳо дар боми манзили худ парчамашонро мегузоранд, онҳо ин корро аз самими дил мекунанд. Чун медонанд, ки фардо дар ҳолати сахтӣ ин парчам дар симои ҳукуматаш дар пушти онҳо хоҳад истод. Вале парчамдориҳои мо як чизи сохтаву бемантиқ аст, ки барои тақвияти идеологияи миллии мардум равона шуда, дар асл, дар зеҳни одамон таъсири баръакс дорад.”



Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯзи таҷлил аз рӯзи парчами миллӣ сокинони кишварро ба эҳтирому арҷгузорӣ ба он даъват кард. Вай дар як паёми телевизионии худ гуфт, “парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи мардуми Тоҷикистон аст.”

Оқои Раҳмон ба муҳаббату арҷгузорӣ ба парчами миллии Тоҷикистон ҳам таъкид кард ва гуфт, “эҳтирому арҷгузорӣ ба парчами миллӣ бояд қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.”

Ин барои дуввмин бор аст, ки соикнони Тоҷикистон аз рӯзи парчами миллӣ таҷлил карданд. Вакилони порлумони кишвар соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ таҷлил мешавад. Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро таътил эълон накардааст.

Вале имсол ҷашни парчами миллӣ дар ҳоле таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон бо ифтитоҳи баландтарин парчам вориди китоби рекордҳои Гиннес шудааст. Баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, тобистони соли ҷорӣ дар маркази шаҳри Душанбе барафрохта шуд.

Дарозии матои ин парчам, ки аз ҳар кунҷу канори пойтахти Тоҷикистон намудор аст, 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, шаҳрдори Душанбе дарозтарин парчами миллиро таҳия кардааст, ки он се ҳазор метр тӯл дошта, дар ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст, дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ин парчам ҳанӯз19 сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои олии Тоҷикистон қабул шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG