Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштии муҳоҷирон дар обҳои Туркия ғарқ шуд


 Полиси Туркия муҳоҷиронро аз киштии ғайршуда наҷот медиҳад
Полиси Туркия муҳоҷиронро аз киштии ғайршуда наҷот медиҳад
Назар ба гузоришҳо аз Туркия рӯзи панҷшанбе дар баҳри Эгей ё худ Ожа киштие зери об рафта, ҳаёти камаш 58 нафарро, ки эҳтимолан муҳоҷирони ғайришаръӣ аз Сурия ва Ироқ будаанд, аз байн бурд. Даҳҳо нафари дигар киштиро тарк намуда, ба соҳили Туркия шино кардаанд. Телевизиони Туркия мегӯяд, ки дар ин робита бо ин ҳодиса ду нафар ба ҳабс гирфта шудаанд. Муҳоҷирон аз Африқо ва Осиё Туркияро ҳамчун пуле ба Аврупо истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG