Вазири мудофиаи Исроил Эҳуд Барак мегӯяд, сарфи назар аз кӯшишҳои дуҷониба Исроилу ИМА дар иртибот бо барномаи ҳастаии Эрон ихтилоф доранд. Ба қавли Барак соат барои ИМА ва Исроил бо суръати мухталиф ҳаракат дорад, яъне ду кишвар дар масъалаи замони ҳамла болои коргоҳҳои ҳастаии Эрон мавқеи мухталиф доранд.
Баъди мулоқот бо муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ИМА адмирал Ҷеймс Вайнфилд вазири мудофиаи Исроил гуфт, Исроил ҳақ дорад мустақилона амал кунад ва ИМА ин мавқеи Исроилро дарк мекунад.
Исроил иброз доштааст, ки дастрасии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ мавҷудияти давлати яҳудиро бо таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад ва аз ин рӯ, Исроил тамоми иқдомҳои зарурӣ барои ҷилавгирӣ аз ин амалро хоҳад андешид. Исроил ҳатто ҳамлаи низомиро низ аз эҳтимол дур намедонад.
Мақомоти Теҳрон иттиҳомоти тавлиди силоҳи ҳастаиро рад намуда, исрор меварзанд, ки барномаи ҳастаии ин кишвар ҳадафҳои осоишта дорад.