Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости таъҷилии HRW аз мақомоти Покистон


Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мақомоти Покистон хостааст, ки “ҳар чӣ зудтар” ақалиятҳои шиаро аз афзоиши ҳамлаҳои рақибони сунниашон ҳимоят кунад.

Дар гузорише, ки ин созмон дар Амрико ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ дастикам 320 нафар пайравони мазҳаби шиа дар ҳамлаҳои ҳадафмандонаи сунниҳо дар Покистон кушта шудаанд. Бино бар ин гузориш, бештар аз 100 нафар ақалиятҳои ҳазора дар ин ҳамлаҳо дар аёлати Балуҷистон кушта шудаанд.

Human Rights Watch мегӯяд, мақомоти интизомии Покистон натавонистаанд бар зидди гурӯҳҳои тундрави “Лашкари Ҷҳангвӣ” мубориза кунанд ва ин гурӯҳ тақрибан бидуни кайфар фаъолият доштааст.
XS
SM
MD
LG