Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии мошини Шевроле Кобалт дар Тошканд


Шевроле Кобалт (Chevrolet Cobalt)
Шевроле Кобалт (Chevrolet Cobalt)
Ширкати Ҷенерал Моторс Узбакистон (General Motors Uzbekistan) як модели нави сабукравро бо номи Шевроле Кобалт (Chevrolet Cobalt) муаррифӣ намуд, ки барои фурӯш дар бозорҳои Узбакистон, Русия ва кишварҳои дигар пешбинӣ шудааст. Маросими ботантанаи муаррифии ин мошин 5-уми сентябр дар Тошканд баргузор шуд. 25 дар сади саҳмияҳои ширкати Ҷенерал Моторс Узбакистон моли ширкати автомобилсозии Ҷенерал Моторси ИМА ва 75 дар сади боқимондаи саҳмияҳояш аз они ширкати давлатии Узбакистон бо номи Узавтосаноат мебошанд.
Тибқи омори расмӣ беш аз 94 дар сади мошинҳое, ки соли гузашта дар Узбакистон ба фурӯш рафтаанд, дар Ҷенерал Моторс истеҳсол шудаанд. Ширкати муштараки Узбакистону ИМА соли гузашта 225 ҳазор мошин тавлид намудааст, ки аз байн 122 ҳазораш дар худи Узбакистон ба фурӯш рафтааст. Корхонаи тавлиди мошинҳои Ҷенерал Моторс Узбакистон дар шаҳри Асакаи водии Фарғона ҷойгир буда, коргарони он дар Кореяи Ҷанубӣ таълим гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG