Рӯзи чоршанбе парламенти Қирғизистон Ҷанторо Сотиболдиевро сарвазири нави ин кишвар таъйин намуд. Аз миёни 120 вакили мардумӣ 111 нафар ба тарафдорӣ аз номзадии ӯ овоз доданд. Сотиболдиев моҳи декабри гузашта раҳбари дастгоҳи президенти Қирғизистон таъйин шуда буд. Сотиболдиев гуфт, ки вазифаи аввали ӯ ба ҳайси сарвазир омода намудани кишвар ба зимистони оянда хоҳад буд. Сарвазири пештараи Қирғизистон Омурбек Бабанов моҳи гузашта ба истеъфо маҷбур шуд, зеро аз байни чор ҳизби эътилофи ҳоким ду ҳизб аз дастгирии ӯ саркашӣ намуданд.