Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чашмбандӣ ё "гум" шудани ситораҳои Сирки тоҷик


Татянаи дорбоз ҳам рафт

Се сол пеш барои аввалин бор дар таърихи сирки тоҷик ҳунарманди ҷавон Татяна Висотская дар баландии 18 метр дорбозӣ кард. Татяна дар рӯйи дастони худ дар баландии беш аз 10 метр то 160 кило бор ё ду нафарро нигаҳ медорад. Аммо имрӯз Татяна дигар рӯйи саҳнаи сирки тоҷик нест. Ин ҳунарманди ҷавон ва аз аввалин дорбозҳои тоҷик , ки ба чандин унвонҳои варзишӣ ва сиркбозӣ мушарраф шудааст, аз сӯи раҳбарияти сирк аз кор хориҷ шудааст.

Татяна Висотская, ки аз 7 – солагӣ дар Сирки давлатӣ тарбият шудааст, мегӯяд, ба далели фавтидани модараш чанд рӯз дар кор набудааст, аммо раҳбарияти Сирк, ки аз ин мусибати ӯ огоҳ буданд, ӯро бо моддаи 46 – и Кодекси кори Тоҷикистон, яъне саркашӣ аз иҷрои фармони мудирият, аз кор хориҷ кард.

Татяна мегӯяд, далелии аслии рондани ӯ аз кор дигар буд: «Онҳо мехостанд одамҳои худро он ҷо ба кор гиранд. Ҳоло ҳама дар сирк хешу таборанд. Ман ҳоло дар синфи 11 мехонам, модарам аз дунё гузашт. Сиркро дӯст медорам, чун аз хурдӣ дар ин бино бузург шудаам, аммо дигар дилам монд.»

Дар 2 соли ахир дар сирки тоҷик 25 корманди собиқадор бо баҳонаҳои мухталиф аз кор озод шудаанд. 20 нафари онҳо устоди варзиш дар акробатика, номзади устоди варзиш дар гимнастика, эквилибристика, гимнастикаи осмонӣ, жанрҳои иллюзионӣ, лирикӣ ва ғайра будаанд.

Дар ин миён Ашӯр Раҷабов, раҳбари мактаби сирки тоҷик, дипломанти байналмилалӣ ва аввалин мутахассис ва ҳунарманди ҳирфаии соҳаи сирк низ ҳаст. Ӯ соли 2001 ба сирки тоҷик омад ва ба гуфтаи ҳамкоронаш тавонист дар як муддати на чандон тӯлонӣ бо таъсиси мактаб ва тарбияи ҳунармандон, сирки тоҷикро дубора ба по хезонда, соли 2006 аввалин барномаи сиркиро ба саҳна гузорад. Аммо ба гуфтаи Ашӯр Раҷабов, ноадолатӣ ва ташкили гурӯҳу гурӯҳчаҳо дар сирк ӯро водор кард, то тарки касб ва мактаби худ кунад. Ҳоло ӯ ба тиҷорат ва варзиш машғул аст.

Сирки тоҷик ҷаҳонӣ нахоҳад шуд

Оқои Ашӯров мегӯяд, имрӯз дар сирки тоҷик афроде ҷамъ омадаанд, ки аз ин соҳа бӯе намебаранд: «То вақте роҳбарияти феълии сирки тоҷик бо Бахтиёр Иззатуллоев сиркро роҳбарӣ мекунанд, умеди сирки тоҷикро дар сатҳи байналмилаллӣ диданро накунед, онҳо дар сатҳи Тоҷикистон ҳатто барнома омода карда наметавонанд. Ман зидди ягон кас нестам ва даъвогари чизе ҳам нестам, аммо ҳар кас бояд кори худро кунад. Он кадрҳое аз сирк рафтанд, ки воқеан ҳунарманд буданд ва аз онҳо ояндаи хуб умед кардан мумкин буд. Онҳо маҷбур шуданд, тарки кори худ кунанд.»

Аммо Ҷамолиддин Муҷиддинов, раиси Сирки давлатӣ мегӯяд, ҳамаи ин кормандон дар асоси қонун аз кор хориҷ карда шудаанд. Ба гуфтаи гуфтаи вай, сабаби аслӣ «гурӯҳбозӣ ва хешутаборбозӣ» будааст: «Онҳо ба ҳама ҷо даъво бурданд ба додгоҳ шикоят карданд. Ғайриқонунӣ касе ҳақ надорад, ки ягон нафарро аз кор пеш кунад. »


Гурӯҳи нави сиркӣ дар Хуҷанд
Гурӯҳи нави сиркӣ дар Хуҷанд
Ба гуфтаи дӯстдорони сирк, сирки тоҷик солҳои ахир ба қавле ҷон гирифта буд ва ҳар иду ҷашнҳо мардум барои ба даст овардани чиптаҳои сирк ҳатто навбат мепоиданд. Дар як сол сирки Душанбе ҳудуди 30 барномаи мухталифро тақдими мухлисон мекард ва ба фарқ аз чанд соли пеш толори иборат аз 2000 ҷои нишасташ дар рӯзҳои ид аслан ҷои холӣ надошт. Гулнора, як модари ҷавон мегӯяд, фарзандони хурсоли ӯ тамошои барномаи сиркиро хеле дӯст медоранд ва онҳо зуд-зуд меҳмони сирки Душанбе мешуданд.

Ба қавли бархе аз кормандони сирк, моҷаро миёни ҳунармандон ва раҳбарияти сирк аз соли 2011 дар пайи барканории Ашӯр Раҷабов ва интисоби Бахтиёр Иззатуллоев ба симати роҳбари ҳайъати бадеӣ оғоз ёфт. Кормандони аз кор хориҷшудаи сирк бо шикояти худ аз ин моҷароҳои сирк ба вазорати фарҳанг ҳам муроҷиат карда буданд. Аммо Манасим Мадёров, раиси раёсати санъати вазорати фарҳанг гуфт, сирки тоҷик ҳоло мисли қаблӣ фаъолият дорад ва халале дар кораш аз ин моҷаро науфтодааст.

Дар ҳоло ҳозир Сирки Душанбе ҳудуди 100 коргар дорад. Аз буҷаи кишвар солона барои он беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Таърихи сирки тоҷик аз соли 1969 оғоз гирифта, бинои кунуниаш дар маҳаллаи Гулистони Душанбе соли 1977 сохта шуд. Авҷи шӯҳрати ин сирк ба солҳои поёнии даврони Шӯравӣ рост меояд, вале дар авоили солҳои 90 аксари ҳунармандони сирк тарки Тоҷикистон карданд ва барои беш аз як даҳсола сирки тоҷик фалаҷ шуда буд.
XS
SM
MD
LG