Ширкати давлатии “Бҳарат Ҳевӣ Электрикал”-и Ҳинд эълом кард, ки бо Тоҷикистон ёддошти ҳусни тафоҳум дар бораи бунёди як нерӯгоҳи барқии 100 мегаватӣ имзо кардааст. Санади мазкур дар ҷараёни сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст. Дар баёнияи расмии ширкати ҳиндӣ омадааст, ки қарор аст, нерӯгоҳи мазкур дар фарози рӯдхонаи Зарафшон сохта шавад. Bharat Heavy Electricals то кунун як генератори нерӯгоҳи барқи обии Помир-1 дар Хоруғро сохта ва айни замон тармиму таҷдиди нерӯгоҳи Варзоб-1 дар Душанберо идома медиҳад.