Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоиши Мишел Обама аз корномаи шавҳараш


Мишел Обама, ҳамсари Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо як суханронии мутаасиркунанда дар анҷумани Ҳизби Демократ, аз мардуми кишвараш даъват кард, дигарбора Барак Обамаро, раиси ҷумҳур интихоб кунанд. Дар нутқи хеш дар поёни рӯзи аввали анҷуман дар шаҳри Шарлотта дар аёлати Каролинаи Шимолӣ, ӯ гуфт, Барак Обама “фардест, ки метавонад, иқтисоди заъифи Амрикоро ҷони тоза бахшад.” Барак Обама, дар интихоботи моҳи ноябр бо Митт Ромни, губернатори собиқи аёлати Массачусетс ва номзад аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рақобат хоҳад кард. Назарсанҷиҳои ахир намоёнгари он аст, ки тарафдорони Барак Обама назар ба тарафдорони Митт Ромнӣ андаке бештаранд. Дар анҷумани серӯзаи Ҳизби Демократи Амрико, Барак Обама ва муовини ӯ Ҷо Байден, дигарбора номзадҳои ҳизб дар интихобот пешбарӣ мешаванд. Ҳардуи онҳо рӯзи панҷшанбе дар анҷуман суханронӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG