Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ҷонибдори мавқеи ягона дар қиболи Сурия аст


Лахзар Иброҳимӣ-фиристодаи СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои Араб дар Сурия
Лахзар Иброҳимӣ-фиристодаи СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои Араб дар Сурия
Фиристодаи СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои Араб дар Сурия Лахзар Иброҳимӣ мегӯяд, паёмади ҷанги Сурия фоҷеабор аст.
Рӯзи сешанбе дар аввалин суханрониаш дар Маҷмаи кулли СММ Иброҳимӣ гуфт, ки рӯзҳои наздик ба Димашқ сафар мекунад.
Ба қавли Иброҳимӣ мавқеъгирии ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қиболи Сурия муҳим аст. Иброҳимӣ аз минбари СММ гуфт:
Муҳтарам раис, ояндаи Сурия ба дасти мардуми ҳамин кишвар аст, на каси дигаре. Дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурӣ ва оҷил аст. Вале ин дастгирӣ дар ҳоле муассир хоҳад буд, ки ҳамаи ҷонибҳо дар як самт майл кунанд.”
Иброҳимӣ моҳи гузашта баъди истеъфои Кофӣ Аннон ба ин вазифа таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG