Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 насронии Британия аз додгоҳ ҳимоят хостаанд


Чор шаҳрванди Британия, ки аслан насронӣ мебошанд, рӯзи сешанбе бо дархости адолат ба додгоҳи Ҳуқуқи башари Аврупо, воқеъ дар шаҳри Страсбург, муроҷиат карданд. Онҳо мегӯянд, эътиқоди насронӣ боис шудааст, ки онҳоро аз кор маҳрум намуданд. Ду нафари онҳо барои пӯшидани гарданбанди салибдор аз кор барканор шудаанд. Додгоҳи Британия гуфтааст, ки иддаои онҳо асос надорад, зеро дар дини насронӣ чунин тақозо, яъне пӯшидани гарданбанди салибдор мавҷуд нест. Ду нафари дигар аз он сабаб вазифаашонро гум кардаанд, ки аз хидмат ба афроди ҳамҷинсбоз худдорӣ кардаанд. Тахмин мешавад, ки ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо баъди чанд моҳ эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG