Мансабдорони афғон мегӯянд, бар асари бомбгузории эҳтимолан маргталабона дар маросими дафн камаш 25 нафар кушта ва 30 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Аҳмад Зиё Абдулзай-сухангӯи волии Нангарҳор, шумораи қурбониҳоро тасдиқ намуда, илова кард, ки ҳодиса нисфрӯзии сешанбе дар ноҳияи Дур Бобои ҳамин устон ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфти номбурда моҳи гузашта баъзе сокинони ин ноҳия бар зидди Толибон исён бардоштанд.
Раиси полиси Нангарҳор Абдулло Станекзай мегӯяд, ҳадафи ҳамла раиси ноҳия Ҳамеша Гул буд, ки дар маросими дафни яке аз пешвоёни қабила ҳузур дошт. Станекзай бар ин назар аст, ки ҳамларо Толибони ҷангҷӯй ташкил кардаанд. То ҳол Толибон дар ин бора изҳороте пахш накардаанд.