UNHCR ё Ожонси СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, дар давоми моҳи август тақрибан 100 000 нафар аз кишвари ҷангзадаи Сурия ба кишварҳои ҳамсоя паноҳанда шудаанд. Сухангӯи ин ожосӣ мегӯяд, аз оғози тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди режими Башор Асад ва нооромиҳо дар моҳи марти соли 2011 дар Сурия шумораи паноҳҷӯён дар моҳи август бештар аз ҳар моҳи дигар будааст.
Ин созмон ҳисоб кардааст, ки аз оғози нооромиҳо дар Сурия аз ин кишвар 235 000 нафар ба кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд.
Тибқи як хабари дигар, имрӯз Петер Моурер-раиси нави Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Димишқ бо Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дидор ва гуфтугӯ кард. Вай гуфт, дар Сурия “вазъи башарӣ ба шиддат бад мешавад”.
Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки кормандони ин созмон битавонанд ба афроди ниёзманд кӯмакҳои заруриро бирасонанд.