Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китобе дар бораи Э. Раҳмон дар Минск муаррифӣ шуд


«Корномаи Имомалӣ Раҳмон» ё "Подвиг Эмомали Рахмона"номи китобест, ки рӯи сешанбе дар Минск пойтахти Беларус дар як нигшасти хабарӣ муаррифӣ шуд. Ин китоб ба қалами нависандаи тоҷик Ато Ҳамдам тааллуқ дорад.

Давлат Назрӣ-сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки китоби мазкур ба забони белорусӣ тарҷума шудааст ва онро Ато Ҳамдам як ҷо бо публисист Леонид Чигрин таълиф кардаанд. Китоб ба теъдоди 500 нусха ба чоп расидааст.

Дар маросими муаррифии китоб дар Минск муаллифи он Ато Ҳамдам ширкат дошт.

Китоби мазкур дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст ва аслан зиндагиномаи вайро аз замони ба қудрат расидан то марҳилаи ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ дар соли 1997 ва фаъолияҳои вай дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG