Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои НАТО барои хуруҷ шитоб нахоҳанд кард


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, нируҳои ин паймон қабл аз мӯҳлати пешбинишудаи хуруҷ аз Афғонистон дар поёни соли 2014 ин кишварро тарк нахоҳанд кард, зеро имкон дорад, баъзе афроди саркаши нируҳои амниятӣ ба нируҳои НАТО ҳамла кунанд.

Расмуссен дар мусоҳибае ба хабаргузории Ройтерз гуфт:


“Фаромӯш накунед, ки пирӯзии низомии Толибон ғайриимкон аст, вале онҳо талош хоҳанд кард, бо тахрибкориву аз байн бурдани боварӣ дар байни нируҳои хориҷӣ ва нируҳои амниятии Афғонистон барои худ обрӯ харанд”.

Бино ба гузоришҳо, дар давоми соли ҷорӣ тақрибан 45 нафар аз нируҳои байналмиллалӣ ба дасти нируҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG