Пайвандҳои дастрасӣ

"Корномаи Эмомалӣ Раҳмон" дар Минск ба чоп расид


Акс аз бойгонӣ

Рӯзи сешанбе, 4-уми сентябр, дар Минск китоби нависанда Ато Ҳамдам таҳти унвони "Корномаи Эмомалӣ Раҳмон" ё "Подвиг Эмомали Рахмона" муаррифӣ шуд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, китоби мазкур, ки ба забони белорусӣ тарҷума шудааст, ба қалами Ато Ҳамдам, нависандаи тоҷик, тааллуқ дорад.

Ин китобро Ато Ҳамдам дар якҷоягӣ бо публисист Леонид Чигрин таълиф кардааст. Дар ҷараёни муаррифии китоб дар Минск муаллифи китоб - Ато Ҳамдам низ ширкат дошт.

Китоби мазкур дар бораи президент Эмомалӣ Раҳмон навишта шуда, зиндагиномаи шахси аввали кишварро шурӯъ аз даврони ба сари қудрат омадан то марҳилаи ба даст овардани мусолиҳаи миллӣ дар соли 1997-ум ва фаъолиятҳои давлатии баъдии ӯро дар бар мегирад.

Китоби мазур ба муносибати 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар дар Хуҷанд баргузор ва дар он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда буд, пешкаши хонандагони беларусӣ шудааст. Ҳамзамон ин китоб дар китобхонаҳои Белорус ҷой дода шудааст.

Нашри ин китобро сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов дар заминаи равобити фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистону Белорус як қадами ҷиддӣ унвон кард. Китоби "Корномаи Эмомалӣ Раҳмон" ё "Подвиг Эмомали Рахмона" бо теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG