Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқадорони ҷанг дар Афғонистон оштиро тарғиб мекунанд


Паноҳгоҳи собиқадорони маъюби ҷангҳо дар шаҳри Кобул амалан ба як маркази тарғиби оштӣ ва таҳаммул дар Афғонистон табдил ёфтааст, зеро дар он пайравони мазҳабу ақидаи гуногунро бадбахтии ҳамсон ҷамъ кардааст.

Таърихи муосири Афғонистон саршор аз ҷанг аст, ки бахши бузурги он бо низоъ миёни худи афғонҳо бар пояи ихтилофҳои динӣ, қавмӣ ва рақобатҳои сиёсӣ иртибот дорад. Ҳанӯз ҳам ин ихтилофҳо аз байн нарафтаанд ва баъзан дар як толор гирдиҳам овардани душманони собиқ имкон надорад.

Вале дар паноҳгоҳи собиқадорони маъюби ҷангҳои Афғонистон, ки дар шаҳри кӯҳнаи Кобул бунёд шудааст, ҷанговарони собиқ ихтилофҳоро канор гузошта, бештар дар бораи умумиятҳо ҳарф мезананд. Дар ин паноҳгоҳ ба собиқ сарбозони маъюб ғизо, ҷои хоб ва ҳатто аз ҳисоби Иттиҳодияи Маъюбони Афғонистон кӯмаки молӣ медиҳанд.

Намояндаи Иттиҳодияи Маъюбони Афғонистон Муҳаммад Исҳоқ мегӯяд, дар ин марказ собиқадорони ҷангҳоро бадбахтии муштарак ба ҳам наздик кардааст. Муҳаммад Исҳоқ меафзояд, дар паноҳгоҳ 100 нафар расман сабти ном шудааст. Онҳо дар давоми рӯз бо корҳои гуногун ба монанди тиҷорат дар бозорҳо ва таъмири пойафзол машғул шуда, бегоҳӣ онро дар хазинаи муштарак ҷамъ мекунанд. Ба қавли Муҳаммад Исҳоқ, ҳаққи як нафар тахминан 200 афғонӣ, яъне тахминан 4 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Бисмиллоҳ Вакил (аз тарафи чап)
Бисмиллоҳ Вакил (аз тарафи чап)
Бисмиллоҳ Вакил дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар ҷиҳод бар зидди артиши Шӯравӣ аз пой маҳрум шудааст. Ӯ мегӯяд, вақте имрӯз бо рақибону душманони собиқ ҳамсӯҳбат мешаваду мебинад, ки онҳо низ барои наҷоташон ҷанг карда, мисли ӯ маъюб шудаанд, дар дилаш ҳеҷ нафрате ба онҳо боқӣ намондааст.
Атиқ Ваҳидулло, маъюби дигари ин паноҳгоҳ, дар соли 1999-ум пои росташро гум кардааст. Ӯ ба хотир меорад, ки сарбози Иттиҳоди Шимол буда, бар зидди Толибон меҷангид. Вале дар як набард мушак дар рӯ ба рӯяш таркиду ӯро ба ин ҳол расонд.

Ваҳидулло шикоят дорад, ки ҳукумат онҳоро фаромӯш кардааст. Вай афзуд, нафақаи солонааш ба ҳайси маъюб ба 13 000 афғонӣ ё худ 270 доллари амрикоӣ баробар мебошад, ки барои оилаи иборат аз шаш нафар ҳеҷ аст. Бар пояи омори созмонҳои ғайрирасмӣ дар миёни 30 миллион аҳолии Афғонистон тахминан 900 ҳазор ё худ се дарсади мардум маъюб ҳастанд, ки ба ваҷҳи умум дар майдонҳои ҳарбу зарб аз дасту пой маҳрум шудаанд. Барои бисёре аз онҳо, ки аз кӯмаки давлатӣ умеди худро кандаанд, марказҳои шабеҳи паноҳгоҳи Кобул ягона макони умеду дилгармӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG