Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА аз манотиқи офатзада зиёрат кард


Президенти ИМА Барак Обама дар Қасри Сафед
Президенти ИМА Барак Обама дар Қасри Сафед
Президенти ИМА Барак Обама аз аёлати Луизиана зиёрат карда, ба амалиёти рафъи зиёни офати табиӣ аз тарафи мақомоти федералӣ ва аёлат баҳои баланд дод. Тӯфони Исҳоқ ҳаёти ҳафт нафарро аз байн бурда, боиси обхезиву қатъи таъмини нерӯи барқ дар баъзе гӯшаҳои ин аёлат шудааст. То ҳол дар Луизиана камаш 100 ҳазор нафар, дар аёлати Миссисипӣ беш аз 11 ҳазор нафар ва дар аёлати Арканзас тахминан 5 ҳазор анфар аз нерӯи барқ маҳрум мебошанд. Довталаби курсии раёсатҷумҳурии ИМА аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Мит Ромнӣ рӯзи ҷумъа аз Луизиана боздид ба амал оварда буд.
XS
SM
MD
LG