Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Эрон рӯзи душанбе гуфт, тақрибан 30 дар сади сипари дифоъи зиддимушакии ин кишварро такмил кардаанд. Генерал Фарзод Исмоилӣ гуфт, умедвор аст, системаи Бовар-373 то охири соли равон комил хоҳад шуд. Ӯ гуфт, ин система назар ба аз системаи қадима ва замин ба ҳавои шӯравии S-300 пешрафта буда ва дар радёбӣ, ташхис ва маҳви ҳадафҳо беҳтар аст. Системаи S-300 барои маҳви ҳавопаймо ва мушакҳои баллистикӣ пешбинӣ шудааст, вале Русия ба далели таҳримҳои Созмони Милал аз фурӯши ин система ба Эрон даст кашид. Эрон бинобар барномаҳои баҳсбарангези атомиаш таҳти фишори афзояндаи Исроил ва кишварҳои ғарбӣ қарор гирифтааст. Фарзод Исмоилӣ ҳамлаҳои ҳавоиро хатари умда барои кишвар хонд. Ӯ афзуд, ки Эрон то моҳи ноябр сипари дифоъи зиддимушакиашро озмоиш хоҳад кард.