Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тарси" артиши Русия аз бемории сиёҳзахм


Артиши Русия мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти бемории сиёзахм ба пойгоҳи низомиаш дар Канти Қирғизистон, чораҳои иловагӣ меандешад. Дар чанд маҳалли Қирғизистон бемории сиёҳзахм хуруҷ кардааст ва аз ҷумла дар як маҳалли вилояти Чуй 20 километр дуртар аз пойгоҳи ҳавоии Русия. Ба хотири монеъ шудан ба сирояти беморӣ, хонаҳои афсарон ва хонаводаҳои онҳоро дезинфексия карда ва назорат бар маводи ғизоии сарбозон низ сахттар шудааст. Мақомоти Қазоқистон ҳафтае пеш гуфтанд, ки дар вилояти Чуй, Ботканд ва Ҷалолобод, чанд мавриди бемории сиёҳзахм сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG