Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Тоҷикистону Ҳинд барои тақвияти ҳамкориҳо


Ҳинду Тоҷикистон мувофиқат кардаанд, ки муносибатҳои дуҷониба бахусус ҳамкориҳои низомӣ ва амниятиро тақвият диҳанд. Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд, имрӯз дар як дар нишасти хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Деҳлӣ, Тоҷикистонро “шарики калидии кишвараш” дар Осиёи Марказӣ хонда ва ба зарурати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид кардааст. Дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳинд 6 созишнома дар арсаҳои иқтисоду маориф, ҷаҳонгардӣ ва беҳдошт ба имзо расид. Ҳинд то кунун ба артиши Тоҷикистон миллионҳо доллар кӯмак карда ва барои тармими фурудгоҳи Айнӣ дар канори шаҳри Душанбе 70 миллион доллар харҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG