Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҷангалбон бо иттиҳоми қатли 12 нафар


Дар Қазоқистон як ҷангалбонро бо иттиҳоми қатли 12 нафар дар Боғи Миллии Алатау дар наздикии шаҳри Алмаато боздошт кардаанд. Рӯзи 13 август дар хонаи сӯхтаи Алексей Шкилёв аҷсоди чанд нафар аз ҷумла чанд зану мардро пайдо карданд ва дар ҳамон рӯз аҷсоди 6 марду як зани теғхӯрда низ дар боғи дигаре кашф шуд. Дар миёни 12 қурбонӣ, як фармондеҳи ҷангалбонҳо, Панаёит Захаропули 76-сола, бо хешовандонаш ва як ҷангалбони дигар ҳастанд. Моҳи май дар яке аз посгоҳҳои дурдасти марзии Қазоқистон низ 14 сарҳадбон ва як ҷангалбонро кушта буданд.
XS
SM
MD
LG