Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сехи "Фурқат" дар Душанбе ба коми оташ рафт


Дар пайи сӯхтор сехи як ширкати истеҳсолӣ пурра ба коми оташ рафтааст.
Мирулло Шарипов, сарвари Сарраёсати сӯхторнишонии вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев дар бинои сехи истеҳсолии ширкати «Фурқат» рух додааст.

Ин манбаъ афзуд, ин сех бо истеҳсоли пенопласт, борпӯши муҳофизи яхдон, бухориҳо ва дигар асбоби рӯзгор, ки дар корхонаҳо истеҳсол мешаванд, машғул буда, дар натиҷаи расиши симҳо дар маркази тақсими барқи корхона сӯхтор ба амал омадааст. Ҷаноби Шарипов гуфт, талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад ва то ҳол зарари сӯхтор низ ҳисоб нашудааст. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир парвандаи ин сӯхтор ба хотири ошкор кардани омилон омода шуда, ба наздикӣ ба додситонӣ ирсол хоҳад шуд.

Сарвари Сарраёсати сӯхторнишонии вазорати корҳои дохилӣ моҳҳои тобистонро аз лиҳози ба вуқӯъ пайвасти сӯхтор хатарнок арзёбӣ карда, афзуд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маъракаи таблиғотӣ миёни мардум натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG