Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони рӯймолпӯш ба телевизиони Миср роҳ ёфтанд


Телевизиони давлатии Миср манъи пӯшидани рӯймол ба занони хабархонро аз эътибор соқит кард. Дирӯз Фотима Набил-гӯяндаи телевизиони давлатии Миср, соати 12-и рӯз ахборро бо рӯсарӣ ва либоси сиёҳ қироат кард. Телевизиони давлатии Миср хотирнишон кард, ки панҷоҳ сол пеш, вақте аввалин барномаи телевизионӣ пахш шуд, онро зане бо рӯймол дар сар пешкаш карда буд. Баъдан раҳбарони Миср ва аз ҷумла президент Ҳуснӣ Муборак, ки дар натиҷаи инқилоби соли гузашта барканор шудааст, дар телевизиони давлатӣ ба занони гӯянда пӯшидани рӯймолро манъ карданд. Баъзе гӯяндаҳо ин сиёсатро қабул накарданду қазияҳояшонро ба додгоҳ кашиданд. Додгоҳ аз мавқеи онҳо пуштибонӣ кард, вале онҳоро дигар ба барномаҳо роҳ намедоданд.
XS
SM
MD
LG