Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мехоҳад Эрон "хати сурх"-ро риоят кунад


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу
Рӯзи якшанбе Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон хост, ки “хати сурх”ро барои барномаҳои ҳастаии Эрон дақиқ кунанд. Нетаняҳу зимни суханони худ дар ҷаласаи кобинаи вазирони Исроил гуфт, маҳофили байналмиллалӣ тадобири кофӣ наандешидааст, то Эронро аз иҷрои барномаҳое боздорад, ки ба бовари Исроил ва Ғарб, ҳадафаш иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ мебошад.

Ин суханони Нетаняҳу дар ҳоле садо додааст, ки Исроил мехоҳад аз ҳимояти Амрико бархӯрдор шавад ва агар Эрон нахоҳад аз барномаҳои ҳастаиаш даст бикашад, дар он сурат Исроил маҷбур хоҳад шуд ба роҳҳои низомии ҳали масъала такя кунад.
XS
SM
MD
LG