Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО дар Афғонистон муваққатан давраҳои омӯзиширо бозмедорад


Мақомоти НАТО мегӯянд, ки онҳо муваққатан омӯзиш ва машқ додани нируҳои пулис ва нируҳои вижаро дар Афғонистон қатъ кардаанд, то аз ҳамла ба нируҳои хориҷӣ дар дохили воҳидҳои низомӣ пешгирӣ кунанд.

Рӯзномаи "New York Times" аз қавли сухангӯи нируҳои НАТО навиштааст, ки омӯзиши 350 ҳазор нафар аз артиши миллӣ ва пулиси милии Афғонистон давом хоҳад кард. Аммо омӯзиш барои 20 000 нафари иловагӣ, ки бояд ба суфуфи пулис ва нируҳои вижа бипайванданд, муваққатан боздошта мешавад. Дар ин муддат машшоқони амрикоии онҳо низоми ҷиддитари ҷалби афроди нав ба давраҳои омӯзиширо муаррифӣ хоҳанд кард.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки танҳо дар як моҳи гузашта 15 нафар аз амрикоиҳо ва аз нируҳои байналмиллалӣ дар воҳидҳои низомӣ аз сӯи низомиёни афғон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG