Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли шаҳрванди Тоҷикистон ба дасти нируҳои вижаи пулиси Русия


Дар Перм як шаҳрванди 38 солаи Тоҷикистон, бо номи Муборакшо, ки дар байни ҳамсоягони русаш бо номи Михаил шинохта мешуд, аз тири нируҳои вижаи пулис ба қатл расонда шуд. Дар ин бора Раҳматулло Мазороиев-раҳбари тарҳи таҳқиқотии “Муҳоҷирати қавмӣ дар Прикамя” ба радиои Озодӣ хабар дод.

Вай дар поёни як моҷаро бо зани ғайрирасмиаш ба қатл расидааст. Моҷарои ин зану шавҳари беникоҳ барои тамдиди мӯҳлати иқомати шавҳар рух додааст. Зан аз тамдиди мӯҳлати зист даст кашидааст ва шавҳар вайро гаравгон гирифтааст ва таҳдид кардааст, ки мекушад.

Ҳамсояҳо аз ин моҷаро ба пулис хабар додаанд. Нируҳои вижа аз хонаи рӯ ба рӯ ҷараёни моҷароро зери назорат гирифтаанд. Музокироти пулис бо Муборакшо барои таслим шуданаш ба пулис натиҷа надодааст. Муборакшо ба занаш мӯҳлат додааст, ки ба пешниҳоди вай посух диҳад. Вале мӯҳлат тамом шудааст ва вақте, ки вай бо корд ба занаш ҳамла мекунад, нишонзан аз хонаи рӯ ба рӯ мардро ҳадафи тир қарор медиҳад.

Ҳангоми интиқол ба бемористон ин мард аз захми тир ҷон додааст. Зан ва ду кӯдакаш осеб надидаанд.

Оқои Мазориев мегӯяд, дар ин рӯзҳо ҷасади Муборакшоҳ аз Перм ба Екатеринбург ва аз он ҷо бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.
XS
SM
MD
LG