Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷароҳо пиромуни сарбози озарӣ, ки афсари арманро кушт


Боку ба Рамил Сафаров-сарбозе, ки як афсари Арманистонро ба қатл расонд, рутбаи низомии майёр додааст. Вай рутбаи лейтинант дошт. Рамил Сафаров дар соли 2004 дар ҷараёни машқҳои НАТО дар Маҷористон Гурген Маргариянро бо зарби табар ба қатл расонда буд. Сафаров барои ин куштор дар Маҷористон мӯҳлати ҳабси абадро сипарӣ мекард.

Вале баъд аз раҳоии вай аз зиндони Маҷористон ва бозгашташ ба Боку Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон вайро бахшид. Мақомоти ин кишвар ба Маҷористон қавл дода буданд, ки Рамил Сафаров мӯҳлати боқимондаи зиндонро дар ватанаш сипарӣ хоҳад кард. Аммо чунин нашуд.

Ба нишонаи эътироз ба чунин тасмими Боку дирӯз дар Ереван дар пойтахти Арманистон дар назди сафорати Маҷористон тазоҳуроти эътрозӣ баргузор шуд.
Серж Саркиян-раиси ҷумҳури Арманистон эълон кард, ки муносиботи дипломатӣ бо Маҷристонро қатъ мекунад.

Гузашта аз ин Ереван мегӯяд, ки ба раёсати кишварҳои узви САҲА ба гурӯҳи Минск нома мефиристад ва аз раҳоии сарбози озарӣ дар Маҷористон эътироз мекунад.
Ба гурӯҳи кишварҳои Минск Фаронсаву Русия ва Амрико дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG