Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 7 шиамазҳаб дар Покистон ба дасти тундравон


Дар ду ҳодиса дар Покистон мардони мусаллаҳ 7 нафар пайравони мазҳаби шиаро рӯзи шанбе дар аёлати Балуҷистон парронданд. Пулис мегӯяд, дар ҳодисаи аввал чаҳор нафар савори ду мототсикл автобуси мусофирбарро дар наздикии Ҳазорганҷӣ нигоҳ доштаанд, 5 шиамазҳабро аз автобус берун кашидаанд ва онҳоро ҳадафи тир қарор додаанд. Ин 5 нафар сабзавотфурӯш будаанд.

Дар ҳодисаи дуввум ду нафар савори мототсикл 2 шиамазҳаби дигарро дар наздикии шаҳри Кветта тирборон кардаанд.
XS
SM
MD
LG