Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави хониш - шодии кӯдакону ташвишҳои волидон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Меҳрубони 7 сола, ки имсол қадамҳои нахустини худро ба даргоҳи илм мениҳад, оғози соли нави хонишро бесаброна интизорӣ мекашад.

Ин аст ки қариб ҳар рӯз сарулибоси нави мактабии харидаи волидайнашро пӯшида дар назди оина худро ба намоиш мегузорад. Модари ин писарбача Зайнаб Қурбонова, мегӯяд, Меҳрубон барои ӯву шавҳараш фарзанди ягона аст. Ба ин хотир оғози соли нави таҳсил ва бори аввал ба мактаб рафтани Меҳрубон на танҳо барои фарзандашон, балки барои худи онҳо низ ид аст.

Зайнаб гуфт: «Чанд рӯз пеш ба писарамон либосҳои навашро пӯшонида ба мактаб бурдем. Аз хурсандӣ тамоми ошёнаҳои мактаб ва ҳатто варзишгоҳи онро аз назар гузаронид. Ҳар лаҳза модарҷон кай дарс сар мешавад, ки ба мактаб равам гӯён пурсон мешавад. Насиб бошад, фардо бо гулу гулдастаҳо якҷоя ба мактаб меравем».

Дар ҳамин ҳол, модари Меҳрубон иброз дошт, ки ӯву шавҳараш қобилияти хуби саводандӯзии фарзандашонро дида, зиёд мехостанд, ӯро ба ягон мактаби низоми таълимиаш беҳтар гузоранд, вале шароити молиявии хонавода ба ин даст намедиҳад. Зайнаб гуфт, бо маоши фаррошиву нафақаи маъюбӣ, базӯр тавонистанд cарулибос ва ашёи мактабии Меҳрубонашонро, ки дар маҷмӯъ 350 сомонӣ масраф шудааст, харидорӣ намоянд.

Ба ин тартиб, ҳоло дар Тоҷикистон аксарияти волидайн, ки каме ҳам бошад шароити молиявиашон имкон медиҳад, фарзандони худро дар литсею гимназияҳо медиҳанд. Сокинони шаҳри Душанбе Рамзия ва Умед низ аз баҳри 750 доллар гузашта, писарашон Азизро имсол дар яке аз литсейҳои пойтахт доданд.
Рамзия мегӯяд, фарзанди калониаш дар мактаби оддӣ мехонд, аммо давоми соли таҳсил қариб ҳамин маблағро сарф менамуд.

Ӯ гуфт: «Ба фикрам, ки ҳар як волидайн бояд барои фарзандонаш имконият фароҳам оварад, то онҳо дар мактабҳои беҳтарин таҳсил намоянд. Дар байни литсею мактаби миёна фарқи калон ҳаст. Литсейҳо асосан омӯзгорони пуртаҷрибаро ба кор мегиранд ва соатҳои дарсӣ пурра гузаронида мешавад. Дар мактабҳои оддӣ бошад, бисёртар нав хатмкардаҳоро мегиранд, ки таҷрибаи корӣ надоранд».

Тибқи гузориши вазорати маорифи Тоҷикистон соли ҷорӣ барои мактабҳои миёнаи умумӣ бештар аз 7000 мутахассис роҳхат гирфтаанд, ки аз ин шумора то 15-уми август танҳо ҳудуди 2200 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Дар робита ба ин Абдусамад Муллоев, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорати маориф гуфт, ки дар сурати ҳозиршавии 70 дарсади боқимонда омӯзгорони ҷавон, норасоии кадр дар муассисаҳои таълимӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Аммо мушкилии дигаре, ки имрӯз пешорӯи соҳаи маориф истодааст, норасоии мактабҳо ва ҷойҳои нишаст мебошад. Ин проблема, алалхусус дар шаҳри Душанбе сол то сол доғтар мегардад ва ба таъкиди Абдусамад Муллоев шумораи толибилмон дар як синф ҳатто то ба 40 нафар расида, мояи нигаронист:

«Сари ин масъала аллакай дар мушовараи вазорати маориф муҳокима ва баррасӣ карда шуд ва ба маорифи шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки дар мӯҳлати як моҳ норасоиро дар тамоми мактабҳо тибқи меъёрҳои
Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
муайянкунанда дақиқ карда, ба вазорати маориф пешниҳод намоянд ва хулосаву назари вазорати маориф ба мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад».

Аммо соҳибназарон ин мушкилро тақсири макотиб медонанд. Маҳмуд Кабирӣ, коршиноси тоҷик мегӯяд:«Як мактаб миқдори муайяни аҳолии минтақаеро хизмат мекунад, ки бояд толибилмони он дар ҳамон мактаб хонанд. Вале аз дигар минтақаҳо меоянд, бо ҳар роҳ пул дода, ҷойҳоро ишғол мекунанд, ки ин барои хонандагони худашон монеа эҷод мекунад».

Дар ҳамин ҳол, бар пояи гузориши вазорати маорифи Тоҷикистон дар кишвар охири соли ҷорӣ 248 адад мактаби нав мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Аммо бо ин ҳам бархе аз ин мактабҳо дар рӯзи аввали оғози соли нави хониш дарҳояшонро ба рӯйи хонандагон боз хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол 1-сентябр, нахустин рӯзи соли нави таҳсил дар шаҳри Душанбе бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби байналмилалии президентӣ оғоз мешавад. Ин маросим бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бо баргузории «Дарси сулҳ» сурат мегирад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки имсол низ бештар аз 170 ҳазор кӯдак қадам ба синфи якуми мактаю мегузоранд. Ҳар сол шумораи хонандагон аз ҳисоби хонандагони синфи якум афзоиш меёбад.

Соҳибаи Кароматуллоҳ, радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG