Созмони геологии Амрико мегӯяд, як заминларзаи шиддаташ 7,9 балл рӯзи ҷумъа Филлиппинро таккон дод. Дар минтақа, аз ҷумла дар Филлиппину Индонезия ва Ҷопону Тайван ба дунбол аз эҳтимоли тсунамӣ ҳушдор додаанд. Маркази зилзила дар тақрибан 140-километрии шаҳри Суланган дар 33 километр умқи замин гуфта мешавад.