Дар ду ҳодисаи алоҳида дар Афғонистон як писари 12-сола ва як духтари 6-соларо сар буридаанд. Сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, ин писарро рӯзи чоршанбе рабуданд ва сари буридаашро аз назди ҷасади ӯ пайдо карданд. Бародари ӯ узви малишаҳои маҳаллии зидди Толибон буд. Аммо сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ин қатлро радд мекунад. Духтараки 6-соларо рӯзи панҷшанбе дар вилояти шарқии Каписо сар буридаанд, вале пулис мегӯяд, ҳанӯз рӯшан нест, ки ин кори дасти толибҳост ё пайвандони худи ин духтар. Дар ин ҳафта дар вилояти Ҳилманд аҷсоди тирхӯрда ваё сарбуридаи 17 ҷавони меҳмони як шабнишиниро пайдо карданд. Толибон даст доштанаш дар ин кушторро низ радд карда буд.