Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сониҳаи пурқурбонӣ дар наздикии Боку


Бар асари ба қатор бархӯрдани як автобуси мусофирбар дар Лӯъбатон, минтақае дар наздикии Боку, пойтахти Озарбойҷон, дастикам 6 тан ҳалок шудаанд. Сухангӯи вазорати ҳифзи сиҳҳати Озарбойҷон Анор Қодирлӣ гуфтааст, ки дар ин сониҳаи субҳи ҷумъа 33 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи як шоҳид, автобус дуруст қабл аз гузаштани қатор дар роҳи оҳан аз ҳаракат монд.
XS
SM
MD
LG