Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаҳои раштӣ куҷо бираванд?


Сокинони ҷамоати Ғарми ноҳияи Рашт, ба нишони эътироз дар баробари кумисиони ҳукумати ноҳия дар мавзеъи ба номи Имом Муҳидин ҷамъ шуда исрор доранд, ки аз манзилҳои зисти худ хориҷ намешаванд.

Чамангул Раҳимова, сокини ин мавзеъ ва модари 7 фарзанд рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳи ӯ ҳудуди 30 нафар ҳамсояҳояш талаб доранд то раиси ноҳия ба ҷамоати онҳо биёяд ва масъаларо рӯшанӣ бахшад, ки чаро инҳо бояд хонаҳои худро тарк кунанд.

Вай гуфт, ки беш аз як ҳафта аст, ки дар интизори раиси ноҳияи Рашт ҳастанд, вале то ҳоло ба инҷо наёмадааст. Дар ин мавзеъ ҳудуди 40 сол аст, ки зиндагӣ мекунанд ва ҳафтаи гузашта намояндаи ҳукумати ноҳияи Рашт омада аз онҳо талаб кардааст, ки манзилҳои худро тарк кунанд.

Чамангул Раҳимова мегӯяд, онҳо дигар ҷои зист надоранд ва ҳукумат дар ивази ин манзилҳояшон, ба онҳо замин ва ё хонаи дигар ҳам ваъда надодааст. Вай мегӯяд, ки соли 1997 ҳам худаш ва ҳам писараш тир хӯрда маъюб ҳастанд ва ҳоло намедонанд бо ин вазъ, чӣ кор кунанд.

Талбӣ Раҳимов, сокини дигари ҷамоати Ғарм мегӯяд, ки ҳоло раиси ҷамоат, архитектор ва намояндагони дигари ҳукумати ноҳияи омада талаб доранд, ки аз ин ҷо берун шаванд.

Вай гуфт, ки ин заминҳо ба Интистути физика ва замини Академияи илмҳои Шӯравӣ тааллуқ дошт ва ҳоло ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистон вобаста мебошанд. Талбӣ Раҳимов мегӯяд, ки мутахассиси собиқадори ин Маркази зилзиласанҷӣ аст ва аз соли 1970 ба ин тараф дар ҳамин ҷо кор мекунад.

Вай афзуд, ки ду маротиба ба Муҳаммадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми кишвар муроҷиат кардааст ва дар посух ҷаноби Илолов гуфтааст, ки ба зиндагии худ идома диҳанд. Ба қавли ӯ, ҳатто Муҳаммадшо Илолов ваъда додааст, ки манзилҳояшонро ба номи соҳибонашон дар қайд мегузоранд.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ҳукумати ноҳияи Рашт ба Озодӣ гуфт, ки комиссияи махсуси ҳукумати ноҳия иборат аз мутахассисони идораи лоиҳакашӣ, пас аз эътирози сокинони ин мавзеъ, қаламрави Маркази зилзиласанҷиро мушаххас намуда ва заминҳои атрофи берун аз ин марказ, ба ихтиёри мақомоти ноҳия гузошта шуд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, аз 24 хонаводае, ки аз ин амр норозӣ буданд, 7 оила дар ҳудуди Маркази зилзиласанҷӣ мемонанд ва ба зиндагии худ идома медиҳанд. Аммо дар мавриди боқимондаҳо тасмим гирифта шуд, ки онҳо бояд ин мавзеъро тарк кунанд. Ҳукумати ноҳия тасмим дорад дар ин мавзеъ биноҳои маъмурӣ бунёд намояд.
XS
SM
MD
LG