Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни дилхоҳи Ислом Каримов тасвиб шуд


Порлумони Ӯзбакистон рӯзи панҷшанбе қонунеро тасвиб кард, ки иҷоза намедиҳад, дар қаламрави ин кишвар пойгоҳи низомии хориҷӣ таъсис ёбад ва ё Ӯзбакистон ба узвияти созмони низомие пайвандад. Қонуни мазкур баъди имзои Ислом Каримов, ки худаш онро пешниҳод карда буд, ҳукми иҷро мегирад. Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин порлумони Ӯзбакистон, созишномаи дуҷониба бо Амрикоро тасвиб кард, ки ба нерӯҳои ин кишвар иҷоза медиҳад, барои амалиётҳои мусоидат ба барқарории Афғонистон аз қаламрави ҳавоиву заминии Ӯзбакистон истифода кунанд. Моҳи июн Ӯзбакистон узвияташ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро боздошт, ки ба он Тоҷикистон ҳам шомил аст.
XS
SM
MD
LG