Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол дар Тоҷикистон 248 мактаб ба истифода медарояд


Вазорати маорифи Тоҷикистон омода аст то охири соли ҷорӣ 248 мактаби нави таҳсилоти умумиро ба истифода бидиҳад. Ин мактабҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои гуногун ва дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бунёд мешаванд. Аз ҷумла 1-уми сентябр мактаби байналмилалии президентӣ ба фаъолият оғоз мекунад, ки дар маросими гушоиши он раиси ҷумҳур ширкат хоҳад кард.

Ҳар сол бештар аз 170 ҳазор кӯдак ба синфи якум мераванд, аммо Маҳмудхон Шоев-сухангӯи ин вазорат мегӯяд, имсол шумораи ин хонандагон ба маротиб бештар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG